Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз рӯзи байнулмилалии донишҷӯён


17 ноябр дар аксар кишварҳои олам рӯзи байнулмилалии донишҷӯён таҷлил шуд, ки таърихи он ба рӯйдодҳои хунини қариб 70 соли пеш бармегардад.

Соли 1939, ду моҳ баъди шурӯи ҷанги дуюми ҷаҳон (1 сентябри соли 1939 Олмони фашистӣ ба Лаҳистон ҳуҷум кард), артиши фашистӣ ба донишгоҳи аслии Ҷумҳурии Чех - Донишгоҳи Карлови шаҳри Прага ҳамла намуд. Ин ҳодиса чанд рӯз баъди намоишҳои эътирозии зиддифашистии донишҷӯёни Прага сурат гирифт, ки дар натиҷа, як пешвои онҳо Ян Оплетал кушта мешавад. Дар пайи фишору таъқибҳо, нӯҳ раҳбари дигари ҳаракатҳои донишҷӯӣ дар Чехия кушта шуда, чандсад донишҷӯ равонаи урдугоҳҳои фашистӣ мешаванд. Равван Конӣ, раҳбари барномаӣ дар Иттиҳодияи байнулмилалии донишҷӯён, мақарраш дар Прага гуфт, ки ин рӯйдодҳо баъдан ҷавонҳои тозафикри Аврупоро водор кард, ки ба таъсиси Иттиҳодияи байнулмилалии донишҷӯён ташаббус нишон диҳанд. Оқои Конӣ дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт:

"Дар таърихи 17 ноябри соли 1939 маросими дафни донишҷӯи чех Ян Оплетал баргузор шуд. Ва дар ҳамон рӯз нӯҳ узви Созмони миллии донишҷӯёни маҳаллӣ, раҳбарони ошӯбҳои зиддифашистӣ кушта ва баъди ин ҳодисаҳо, ҳазорҳо донишҷӯён равонаи қароргоҳҳои консентратсионии фашистӣ шуданд. Баъди ду соли ин рӯйдодҳо дар Лондон як ҳамоиши донишҷӯён ҷараён гирифт, ки ташаббускори он донишҷӯёни чехи муҳоҷир буданд. Тасмиме, ки дар ин ҳамоиш гирифта шуд, ин буд, ки таърихи 17 ноябр чун рӯзи байналмилалии донишҷӯён таҷлил шавад ва як созмони воҳиди донишҷӯён таъсис ёбад".

Равван Конӣ афзуд, дар паи ин рӯйдодҳо ва баъди хатми ҷанги дуюми ҷаҳон, 17 ноябри соли 1945 дар Прага нахустин ҷашни донишҷӯён баргузор шуд. Ҳоло Иттиҳодияи байналмилалии донишҷӯён, ки тавре гуфтем, дар шаҳри Прага таъсис шудааст, дар зери чатри худ беш аз 100 созмони донишҷӯии ҷаҳониро муттаҳид мекунад: ин ҳама ташкилот мақоми миллиро дорад. Равван Конӣ роҷеъ ба самтҳои фаъолияти иттиҳодияи зери раҳбарии худ гуфт:

"Фаъолияти мо дар самти ҷилавгирӣ аз фирори мағзҳо, маблағгузории таҳсил, ҳамраъии донишҷӯён, ҳақи таҳсилу кор бо назардошти манфиатҳои донишҷӯён ба роҳ монда шудааст. Ва бо назардошти ин ҳадафҳо, ҳар як созмони миллии донишҷӯён, ки дар узвияти иттиҳодияи мо қарор дорад, барномаҳои худро танзим ва иҷро мекунад".

Вай бо таассуф гуфт, ки то имрӯз аммо ҳеҷ равобите бо ташаккулҳои донишҷӯӣ дар ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ, мисли Тоҷикистон барқарор нашудааст. Аз ӯ пурсидам, ки оё маблағгузориии барномаҳои Иттиҳодияи донишҷӯён аз кадом ҳисоб сурат мегирад, вай гуфт, дар навбати аввал аъзои созмон ҳаққи узвияташонро бо назардошти воқеиятҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои худ пардохт мекунанд ва аз сӯи дигар, масъулияти сармоягузории баъзе аз барномаҳоро дафтари СММ дар умури илму фарҳангу маориф UNESCO ба ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG