Пайвандҳои дастрасӣ

Обама обрӯи Амрикоро эҳё мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури мунтахаби ИМА дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CBS яке аз муҳимтарин вазифаҳои худро – "эҳёи нуфузи маънавии Амрико дар ҷаҳон" арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ки ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва таъмини амният дар кишвар авлавият хоҳад дод. Раисиҷумҳури мунтахаб ҳамчунин ваъда дод ба хотири кумак ба бахши мошинсозӣ, ки аз бӯҳрони ахири иқтисодӣ зиёни бузург кашидааст, аз чораҳои оҷил кор бигирад.

Барак Обама гуфт, ки мехоҳад теъдоди нерӯҳои амрикоиро дар Ироқ коҳиш диҳад, ба эътидоли авзоъ дар Афғонистон мусоидат кунад ва ба созмони “Ал-Қоида” зарбаи ҷонкоҳ занад. Раиси ҷумҳури мунтахаби ИМА дар ин мусоҳиба ҳамчунин хабар дод, ки зиндони воқеъ дар пойгоҳи низомии Гуантанаморо мебандад. Айни ҳол дар ин зиндон, ки баъд аз шурӯъи ҷанг бо террор таъсис шудааст, тақрибан 255 гумонбари терроризм ба сар мебаранд. Аксари онҳо бо иттиҳоми узвият ба созмони “Ал-Қоида” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон, Ироқ ва дигар кишварҳо боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG