Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маросими гусели зоирини тоҷик ҷиҳати тавофи хонаи Каъба дар Арабистони Саудӣ оғоз шуд ва нахустин гурӯҳи зоирин аз шаҳри Душанбе ҷиҳати анҷоми зиёрати хонаи худо ва амокини муқаддаси ислом бегоҳи имрӯз, 17 ноябр, ба Арабистони Саудӣ парвоз карданд.

Тибқи иттиллои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, соли ҷорӣ 5 120 нафар аз шаҳрвандони кишвар ба тавофи хонаи Каъба мушарраф хоҳанд шуд.

Барои дарёфти ҳаққи анҷоми ин фаризаи динӣ беш аз 20 000 нафар санад пешниҳод кардаанд, аммо бар асоси саҳмияи пешбиникардаи Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон наметавонад, онро афзоиш диҳад.

Махориҷи сафари ҳаҷҷи имсола 3000 доллари Амрико муқаррар шудаааст.

Зимнан, дар 3 соли ахир масъулияти танзими ин мусофират дар ихтиёри Вазорати фарҳанг вогузор шуда ва сафари зоирони тоҷик танҳо тавассути ҳавопаймо сурат мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG