Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин барои телевизиони "Мир" сармоя мехоҳад


Сарвазири Русия Владимир Путин мегӯяд, бояд сармоягузорӣ ба шабакаи радио ва телевизиони "Мир" афзоиш дода шавад. Ин масъаларо Путин дар мулоқот бо сарвазирони кишварҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъ дар миён гузоштааст. Вай гуфт, барои фаъолияти ин шабака дар сатҳи зарурӣ сармоягузории васеътари кишварҳои муассис зарур аст. Шабакаи радио ва телевизиони "Мир" дар соли 1992 таъсис ёфта, аз соли 2006 ба кор сар кард ва дар шабонарӯз 18 соат барнома ва намоиш пахш мекунад. Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз муассисон ва сармоягузорони шабака мебошанд.
XS
SM
MD
LG