Пайвандҳои дастрасӣ

Ду заминларзаи сахт дар Индунезӣ


Шаби гузашта дар Индунезӣ пайиҳам ду заминҷунбии сахт ба амал омад. Нерӯи яке 7 ва дигаре 6 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил дод, маркази ҳарду дар шимоли ҷазираи Сулавесӣ воқеъ шудааст. Маркази огаҳии мавҷхез дар Уқёнуси Ором аз эҳтимоли тӯфон ва сунамӣ дар соҳилҳои атрофи зилзила ҳушдор дод. Ба мақомоти давлат тавсия дода шуд, ки аҳолиро аз маҳалҳои соҳилӣ ба ҷои амн кӯч диҳанд.
XS
SM
MD
LG