Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 15 нафар дар Ҷалавлои Ироқ


Пулиси Ироқ мегӯяд, имрӯз бар асари ҳамлаи интиҳорӣ бо истифода аз мошини бамбгузоришуда дар вилояти ошӯбзадаи Диёла, дар шимоли Ироқ, 15 нафар, бо шумули 7 маъмури пулис, кушта ва 20 тани дигар захмӣ шуданд. Маргталаб як посгоҳи пулис дар шаҳри Ҷалавлоро ҳадафи ҳамла қарор додааст. Ҷалавло ва чандин минтақаи дигар дар вилояти Диёла аз пойгоҳҳои бозмондаи ҷангиёни аз дигар манотиқи Ироқ рондашудаи шабакаи Ал-Қоида дониста мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG