Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF ба Покистон 7,6 миллиард $ қарз медиҳад


Сандуқи байналмилалии пул ҷиҳати ироаи 7, 6 миллиард доллар қарз ба Покистон усулан ризоият додааст. Тасмими ниҳоиро дар ин бора Шӯрои мудирони ин ниҳоди молӣ ҳафтаи оянда дар Вошингтон хоҳад гирифт. Покистон дар ҳоли ҳозир ба мушкилоти сахти иқтисодӣ рӯбарӯ шудааст ва қарзи Сандуқи пул, ки барои 23 моҳ дода мешавад, бояд барои тақвияти захоири асъори хориҷӣ ва таъмини тавозуни пардохтҳои он кишвар масраф шавад. Захираи асъори Покистон тайи 1 соли гузашта наздики 10 миллиард доллар коҳиш ёфта, дар моҳи октябр чизе дар ҳудуди 6,7 миллиард долларро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG