Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як афсари милиса дар Ингушистон кушта шуд


Як маъмури милисаи Русия дар ҷумҳурии ошӯбзада ва бо Чеченистон ҳаммарзи Ингушистон кушта шуд. Сухангӯи милиса мегӯяд, ин афсар ҳангоми тафтиши асноди мусофирони як мошин ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар мегӯянд, ки Ингушистони умдатан мусалмоннишин дар пайи хатми ҷангҳои густарда дар Чеченистон ба мавҷи фазояндаи ҳамалоти ҷангиёни исломӣ рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG