Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлати Ироқ паймон бо Амрикоро тасвиб кард


Кобинаи вазирони Ироқ имрӯз паймони амниятӣ бо Амрикоро тасвиб кард. Ин қарордод ҳузури нирӯҳои Амрико дар Ироқ то 3 соли дигарро иҷозат медиҳад. Акнун ин паймон барои тасвиби ниҳоӣ ба парлумони Ироқ ироа мешавад. Сухангӯи давлати Ироқ Алӣ Даббоғ гуфт, ҳамаи 27 узви кобина ва сарвазир Нурӣ Моликӣ дар нишасти имрӯза ҳузур дошта, ба тарафдорӣ аз ин паймони амниятӣ раъй додаанд. Паймони Ироқу Амрико ҷойгузини мандати СММ дар бораи ҳузури нирӯҳои Амрико дар Ироқ хоҳад шуд. Ин мандат дар поёни соли равон ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG