Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Петербург кушта шуд


Мақомоти милисаи нақлиёти Русия мегӯянд, рӯзи шанбе, 15 ноябр як гурӯҳи ҷавонони ғолибан мухлиси футбол дар як қатори электричка дар Санкт-Петербург ба ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла кардааанд ва як шаҳрванди тоҷик бар асари захми корд ҳалок шуд. Мақомот мегӯянд, тақрибан 15 ҷавон ба ин қатор дар вокзали Финландияи Петербург нишаста, ду зодаи Тоҷикистонро ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Гуфта мешавад, ҳамлагарон дар тан либоси варзишии кабуд доштаанд, ки онҳоро ба мухлисони тимҳои футболи ё “Зенит”-и Санкт-Петербург ва ё “Динамо”-и Маскав нисбат медиҳад. Ин ду тим рӯзи якшанбе дар варзишгоҳи Петербург бозӣ мекунанд. Феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG