Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон хостори коҳиши тавлиди нафт шуд


Эрон аз ОПЕК, Иттиҳодияи кишварҳои содиркунандаи нафт, хостааст дар нишасти навбатии вузарояш, ки дар поёни моҳи равон дар Қоҳира доир хоҳад шуд, тавлидоти рӯзонаи нафтро то 1,5 миллион бушкаи дигар коҳиш диҳад. Ин хабар дар саҳифаи интернетии телевизиони давлатии Эрон нашр шуд. Намояндаи Эрон дар ОПЕК Алӣ Хатибӣ гуфтааст, бӯҳрони молӣ мизони тақозо ба нафтро пойин бурд ва ин картел бояд акнун мизони тавлидот ва арза дар бозорро пойин бубарад. ОПЕК, ки 40 дарсади тавлидоти нафти дунёро дар ихтиёр дорад, дар моҳи гузашта дар посух ба уфти башиддати нархи нафт тавлидоти онро 1,5 миллион бушка дар рӯз кам карда буд. Эрон дар рӯз ҳудуди 4 миллион бушка нафт тавлид мекунад.
XS
SM
MD
LG