Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИДМ: Имзои боз як бастаи санадҳо


Кишварҳои ИДМ дурнамои рушди иқтисодии ин созмонро барои соли 2020 қабул карданд.

Кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Молдова дурнамои рушди иқтисодии ин созмонро қабул карда, назди худ мақсад гузоштанд, ки бояд то соли 2020 ҳамаи он корҳое, ки давоми 17 соли мавҷудияти ин созмон анҷом дода натавонистанд, дар 12 соли оянда анҷом бахшанд.

Ин санад ташкили минтақаҳои озоди тиҷоратӣ, бунёди минтақаи умумии иқтисодӣ, таъсиси бозори ягонаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамкорӣ барои истифодаи долонҳои байнулмиллалии нақлиётиро дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳдофи худ қарор медиҳад.

Аммо ин дар ҳолест, ки пас аз даргириҳои Қафқоз яке аз аъзоёни ин иттиҳод - Гурҷистон аз узвият дар он даст кашид ва кишвари дигари аъзои ин созмон - Узбакистон барои тавқифи фаъолияташ дар созмони дигари ҳамкории минтақавии Иттиҳоди давлатҳои мустақил Итиҳоди Авруосиё тасмим гирифтааст.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, дар чунин шароит дастёбӣ ба аҳдофи дурнамои рушди иқтисодии ИДМ ғайри қобили имкон аст. Сайфулло Сафаров, пажӯҳишгари Маркази таҳқиқоти стротежии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҳоле кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар алоҳидагӣ манфиатҳои гуногун доранд ва мухолифатҳои шадид дар байни ин кишварҳо вуҷуд дорад, дастёбӣ ба чунин аҳдоф кори осон нест. Оқои Сафаров меафзояд, барои ба ин гуна ҳадафҳо расидан рафъи тамоми зиддиятҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳод зарур аст. Вале маълум аст, ки ин кори мушкил аст.

Хилватшоҳи Маҳмуд, коршиноси масоили минтақа, мегӯяд, ташкили минтақаи умумии иқтисодӣ то соли 2020 дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тарҳи Русия аст, ки мехоҳад мавқеъи аз дастрафтааш дар қалави собиқ Шӯравиро дубора барқарор ва рубли русиро ҷойгузини пулҳои эътирофкардаи дунё – доллар ва евро кунад. Ба эътиқоди оқои Маҳмуд, кишварҳои аъзои созмони ИДМ аксар одат ба он кардаанд, ки чӣ санаде, ки Русия таҳия мекунад, имзо бикунанд, аммо бештари ин санадҳо иҷроношуда боқӣ мемонад.

Ба эътиқоди коршиносони тоҷик, дурнамои рушди иқтисодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мисли асноди дигаре, ки роҳбарони ин кишварҳо имзо кардаанд, дар амал татбиқ намешавад ва бо гузашти замон ба як қоғази беҳуда табдил меёбад.

XS
SM
MD
LG