Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон - вазири ояндаи умури хориҷӣ?


Матбуоти Амрико мегӯяд, раисиҷумҳури мунтахаби он кишвар Барак Обама шояд курсии вазири хориҷа дар маъмурияти ояндаашро ба Ҳилларӣ Клинтон пешниҳод кунад. Ин хабар расман таъйид нашудааст, вале гуфта мешавад, ки Обама ва Клинтон рӯзи панҷшанбе дар Чикаго мулоқот кардаанд. Вале Обама бо Билл Ричардсон, волии аёлати Ню-Мексико, ки низ яке аз номзадҳо ба мақоми вазири ояндаи умури хориҷии Амрико маҳсуб мешавад, гуфтугӯ кардааст. Ҳам Ричардсон ва ҳам Клинтон дар корзори интихоби номзади ҳизби демократ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рақибони Барак Обама буданд.
XS
SM
MD
LG