Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Венесуэла хостори ҳамкории ҳастаӣ бо Русия шудааст


Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес гуфт, Каракас омода ҳаст, ба хотири даст ёфтан ба тавлиди нирӯи барқи ҳастаӣ бо Русия ҳамкорӣ кунад. Ассошиэйтед Пресс аз қавли Чавес навишт, ҳайъатҳои фаннии ду кишвар дар пешорӯи боздиди раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз Венесуэла, ки қарор аст, дар ҳамин моҳи ноябр сурат бигирад, ба баррасии масъалаи қарордоди ҳамкорӣ дар риштаи ҳастаӣ шурӯъ кардаанд. Дар аҳди Ҳуго Чавес, Венесуэла равобиташ бо Маскавро тақвият дода, тайи 3 соли охир аз Русия ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар силоҳу таслиҳот харидааст. Кремлин мегӯяд, Медведев дар поёни моҳи ноябр аз Куба ва Венесуэла дидан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG