Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Яман шаҳрванди Эронро ба қатл маҳкум кард


Додгоҳи Яман нохудои як гурӯҳи маллоҳони эрониро, ки аз киштии онҳо ҳудуди 1,5 тонна ҳашиш мусодира шуда буд, ба қатл маҳкум кард. 11 эронии дигар ва 1 марде, ки бовар меравад, покистонӣ бошад, 25-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Киштии ҳомили чунин миқдори бузурги маводи мухаддир рӯзи ҷумъа тавассути нирӯҳои дарёии таҳти фармондеҳии Амрико боздошт ва ба мақомоти Яман таслим карда шуд.
XS
SM
MD
LG