Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико изҳороти Лукашенкоро "ғайримуфид" номид


Амрико изҳори назари раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар мавриди омодагии кишвараш барои истиқрори мушакҳои Русия дар посух ба барномаи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Лаҳистону Чехияро “ғайримуфид” номида, маҳкум кард. Лукашенко дар мусоҳибаи рӯзи ҷумъа нашршудааш дар рӯзномаи амрикоии "Wall Street Journal" гуфт, Русия истиқрори мушакҳои “Искандар”-аш дар қаламрави Беларусро пешниҳод кардааст. Ӯ афзуд, ки агар Маскав аз ин пешниҳод даст бардорад, Беларус дар пайи харидории мушакҳои русӣ ба хотири истиқрори онҳо дар қаламраваш хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG