Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чехияву Лаҳистон хоҳони истиқрори сипар ҳастанд


Ҳукуматҳои Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех имрӯз гуфтанд, ки умедворанд маъмурияти раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико Барак Обама нақшаи ҳукуматро оид ба истиқрори сипари зиддимушакӣ дар қаламрави кишварҳояшон ба иҷро мерасонанд. Вазири хориҷаи Лаҳистон Радек Сикорски баъди сӯҳбат бо ҳамтои чехаш Карел Швартсенберг гуфт, ки ду ҳукумат умедворанд, ки ин барнома идома пайдо мекунад. Русия таҳдид кардааст, ки дар сурати истиқрори системаи дифои мушакӣ дар Аврупо аз ҷониби ИМА, дар наздикиҳои марзҳои Аврупо мушакҳои дифоии худро ҷо хоҳад дод. Аммо баъдан гуфт, ки дар сурати аз ин нақшаҳо даст кашидани Вашингтон метавонад ҳамчунин аз фикри худ гардад.
XS
SM
MD
LG