Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои баррасии ҳуқуқи башар дар Туркманистон


Як созмони мудофеи ҳуқуқи башар аз Садри аъзами Олмон Ангела Меркел тақозо кард, ки дар ҷараёни боздиди раиси ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Берлин мавзӯи нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишварро матраҳ кунад. Намояндаи созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch дар сӯҳбат бо бахши туркмании радиои Озодӣ бо арзи ин матлаб гуфт, ки вазъи ҳуқуқи башар дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам хеле вахим боқӣ мемонад, ҳарчанд баъди соли 2006 сари қудрат омадани Бердимуҳаммадов вазъ андак пешрафт кардааст. Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки ҳанӯз ҳам ҳеҷ як созмони мустақиле ҳақи бозрасии мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи башарро дар Туркманистон ба даст наовардааст.
XS
SM
MD
LG