Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума мӯҳлати президентиро то 6 сол тамдид кард


Вакилони Думаи давлатии Русия тағйироти конститутсионии аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев пешниҳодшударо роҷеъ ба тамдиди мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ то шаш сол ҷонибдорӣ карданд. Палатаи поёнии парлумони Русия дар як раъйдиҳӣ бо 388 раъйи мувофиқ ва 58 раъйи муқобил тағйиротро пазируфт. Тағйироти мазкур ба президенти амалкунанда Медведев тааллуқ надошта, марбут ба раиси ҷумҳурии дигар Русия хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG