Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солана ба музокирот бо Эрон омодагӣ мебинад


Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавер Солана гуфт, ки дар фурсати наздик бо Эрон музокироте бар сари барномаи баҳсбарангези ҳастаии ин кишвар аз сар гирифта мешавад. Солана гуфт, ки ҳама гуна музокирот заминаи баҳсҳои ояндаро фароҳам меорад. Вай як рӯз баъд аз мулоқоти кишварҳои узви доимии Шӯрои амнияти СММ - ИМА, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ба шумули Олмон дар Фаронса, ки ба баррасии барномаи ҳастаии Эрон тахассус дошт, суханронӣ кард.

XS
SM
MD
LG