Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Бердимуҳаммадов ва Меркел дар Берлин


Рӯзи ҷумъа дар Берлин мулоқоти раиси ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел баргузор шуд. Меркел дар паи ин нишаст гуфт, ки ҳамкориҳои миёни ду кишвар ҳанӯз ҳамаҷониба нест. Вай афзуд, ки аз омодагии Бердимуҳаммадов барои ҳамкорӣ бо Олмон дар самти пешбурди вазъи ҳуқуқи башар дар Туркманистон истиқбол мекунад. Бердимуҳаммадов изҳори умедворӣ кард, ки мизони ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ашқободу Берлин афзоиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG