Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли 4 ҷангии Ал-Қоида ва 12 Толиб


Эътилофи ба раҳбарии ИМА дар Афғонистон имрӯз гуфт, ки сарбозони онҳо дар ҳамдастӣ бо артиши миллии ин кишвар дар натиҷаи ду амалиёти ҷудогона 4 ҷангии марбут ба Ал-Қоида ва 12 ситезаҷӯи Толибонро ба ҳалокат расониданд. Ҳодисаи аввал рӯзи панҷшанбе дар вулусволии Зурмати вилояти Пактиё рух додааст. Дар ҳодисаи дигар, мақомоти вилояти Майдон Вардак гуфтанд, ки дар натиҷаи амалиёте шаби панҷшанбе ба ҷумъа дасти кам 12 ҷангии Толибон кушта ва 20 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҷангиён дар паи ҳамлаҳои ҳавоии мушакӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG