Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти ИА ва Русия дар Фаронса


Нишасти Иттиҳоди Аврупо ва Русия, ки дар Нитсаи Фаронса шурӯъ ба кор кард, саҳифаи навро дар равобити халалдоршудаи миёни ду ҷониб дар пайи даргириҳои мусаллаҳонаи моҳи августи имсол дар Осетияи Ҷанубӣ боз мекунад.

Ҳафтаи гузашта Бруссел мавқеи шадидлаҳни худро дар нисбат ба Русия андак тағйир дода, барои барқарор шудани музокироти комил ва ҳамаҷониба бо Маскав изҳор кард. Аммо, дар айни замон, мақомоти баландпояи Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, ки баъди рӯйдодҳои моҳи август мизони эътимод нисбат ба Русия зиёд халалдор шуд.

Чунин ба назар мерасад, ки дар Бруссел ва ҳам дар Маскав дубора ба тарзи кори маъмулӣ баргаштаанд, агар чанд масъалаи мавриди ихтилофи ҷузъиро ба инобат нагирем. Як мақоми Иттиҳоди Аврупо дар сӯҳбати пӯшидае бо радиои Озодӣ дар Бруссел гуфт, ки бо вуҷуди барқарор шудани раванди музокираҳо бо Маскав, аммо он рӯҳияи эътимод ва баробарвазнии тарафҳо, ки дар гузашта буд, ҳоло аз даст рафтааст. Вай афзуд, ки Русия бо амалкарди худ дар Қафқоз "хати сурхеро" убур кардааст ва ҳамакнун, ин масъала ногузир дар нишасти Нитса аз ҷониби аврупоиҳо бардошта хоҳад шуд.

Ин вазъро дар Маскав ҳам хуб дарк мекунанд ва истеҳзои сафири Русия дар Иттиҳоди Аврупо Владимир Чижов ба ин маънӣ, ки "ҳоло равобити миёни ду ҷониб беҳтар аз маъмулӣ аст", далели ин гуфтаҳо мебошад.

Чизи дигаре, ки аз он намешавад сарфи назар кард, ин аст, ки ба назар мерасад, якравиҳои Русия дар масъалаи Қафқоз боз ҳам ба қавле ба фоидаи Маскав бозӣ карда, боиси он шудааст, ки дар барномаи расмии нишаст ҳарфи мушаххасе роҷеъ ба мавзӯи низоъ бо Гурҷистон навишта нашудааст, магар ин ки дар бахши "мавзӯъҳои байнулмилалию минтақаӣ" бояд интизори матраҳ шудани ин масъала шуд.

Ҳосе Мануэл Бароссо, президенти Комиссиюни Аврупо зимни суханрониаш дар Бруссел ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои энержӣ таъкид кард. "Паёми ман ба раисҷумҳур Медведев фардо на танҳо лаҳни манфӣ хоҳад дошт. Мо тадриҷан мустақил мешавем. Дар айни замон, 61% масрафоти гази табиӣ дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо аз берун ворид мешавад ва аз ин миқдор, 42%-аш моли Русия аст".

Бароссо афзуд, ки Иттиҳоди Аврупо - бозор ва Русия таъмини моли онро кафолат медиҳанд.

Аммо тавре маълум мешавад, ҳатто дар масоили тиҷоративу иқтисодӣ ҳам на ҳама масъалаҳо дар миёни ду ҷониб хушҳолкунандаву рӯшан аст. Масалан, пеши по зада шудани имкони узвият дар ҳайати Созмони ҷаҳонии тиҷорат аз ҷониби Маскав ҳамоно Иттиҳоди Аврупоро асабонӣ мекунад. Дар оянда шояд бар сари ин масъала ҳам баҳсҳои шадиде барпо шавад.

Масъалаи дигар тақозои пардохти изофагӣ барои истифодаи барзиёди ҳарими ҳавоии Сибир, боло рафтани таруфаҳои андоз аз содироти чӯб ба шимоли Аврупо ва системаи ҳимоят аз тавлидоти кишоварзии дохилӣ дар Русия Аврупоро дарди сар кардааст.

Дар Бруссел дар робита ба ин ҳама мушкилот ҳар чӣ бештар ин андешаро шунидан мумкин аст, ки Маскав вақтҳои охир аз як тактикаи ба қавле эркагӣ кор гирифтааст: "Русия намехоҳад дар самти ҳалли мушкилот кор кунад, балки ҷонибдори афзоиши рӯҳияи асабонияту нороҳатӣ дар равобит бо Аврупо" мебошад.» Бо зикри ин андеша, як мақоми аврупоӣ афзуд, ки бо назардошти чунин рафтори Маскав, намешавад дар оянда дар масоили амнияти энержӣ ва тағйироти иқлим интизори пешравиҳои созанда шуд.

Бруссел мегӯяд, ки қарори Иттиҳоди Аврупо дар таърихи 7 ноябри имсол барои барқарор шудани музокироташ бо Русия бар сари созишномаи ҳамкорӣ маънои идомаи музокиротро дорад ва мулоқоти навбатӣ дар аввалҳои декабр дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG