Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Аврупову Русия аз сар гирифта шуд


Президенти Комиссиюни Аврупо гуфт, Иттиҳодияи Аврупо бо Русия музокиротро бар сари созишномаи ҳамкорӣ, ки бо сар задани ҷанг дар Гурҷистон августи имсол мутаваққиф шуда буд, аз сар мегирад. Ҳосе Мануэл Бароссо дар ин бора дар поёни нишасти Иттиҳодияи Аврупо ва Русия, ки дар шаҳри Нитсаи Фаронса бо ширкати раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев баргузор шуд, изҳороте пахш кард. Бароссо гуфт, ки ин музокирот барои боло бурдани мизони амният дар Аврупо зарур аст. Дар поёни нишаст раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ гуфт, ки Русия ва Иттиҳодияи Аврупо бояд аз истиқрори ҳама гуна системаи аслиҳа дар Аврупо қабл аз баргузор шудани нишасти муҳими раҳбарони Аврупову Амрикои Шимолӣ июли соли 2009 худдорӣ кунанд. Саркозӣ гуфт:

"Ман ба раиси ҷумҳурӣ Медведев намоиш додам, ки то кадом андоза мо дар робита бо ин изҳорот нигарон ҳастем ва чӣ тавр муҳим аст, ки қабл аз баррасӣ шудани шарту шароити нави амнияти геополитикии аврупоӣ ҳеҷ як системаи дифои мушакӣ дар ҷазирақаламравҳо мустақар нашавад".

Дар як соли охир Русия пайваста мухолифаташро дар баробари барномаҳои ИМА оид ба истиқрори сипари зиддимушакӣ дар Лаҳистону Ҷумҳурии Чех баён кардааст. 5 ноябр Медведев таҳдид кард, ки дар сурати ба иҷро даромадани ин тарҳи Амрико, Русия мушакҳои худро дар ҷазирақаламрави балтикии Калининград, воқеъ дар атрофи марзҳои Литва ва Лаҳистон ҷойгир хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG