Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаллобии якмиллиондоллара


Додситонии вилояти Хатлон бар асоси 141 шикояти расида аз сокинони маҳаллӣ алайҳи Сабзагул Алматова, як сокини ноҳияи Вахш, бар асоси шаш банди Кодекси ҷиноятии кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Ба иддаои додситонии Хатлон, хонум Алматова беш аз 140 сокини маҳаллиро фиреб дода, наздик ба як миллион доллари онҳоро аз худ кардааст.

Баҳром Шомиров, муфаттиши аршади риштаи тафтишоти парвандаҳои муҳимми додситонӣ гуфт, нафари муттаҳам худро корманди як бонки бонуфузи кишвар муаррифӣ карда, бо баҳонаи тиҷорату ба даст овардани фоида аз шаҳрвандон маблағ ситонида ва ё манзили зисташонро ба гарав бурдааст. Додситонӣ Алматоваро дар як моҳи ахир дар боздошгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мекунад, зеро ба тахмини ин ниҳод, шумори қурбониёни фиреби вай бештар аз 140 нафар буда метавонад ва ба эҳтимоли додситонӣ, бонкдорон ва афроди баландмақоми дигар ҳам бо вай ҳамдастӣ доштаанд.

Сабзагул Алматова, ки дар тақаллубкорӣ муттаҳам мешавад, гуфтааст, гуноҳашро иқрор мекунад ва омода аст дар сурати аз боздоштгоҳ раҳо шудан маболиғи рабудаашро ба соҳибонаш бозпас гардонад.

Дар сурати собит шудани гуноҳи Алматова дар додгоҳ ба вай ҷазои аз 8 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Додситонии Хатлон мегӯяд, ин севвумин ҳодисаи ошкоршавии тақаллубкорист, ки дар пайи он даҳҳо ҳазор доллар ба мардум зиёни молӣ расидааст. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, агар ҳаҷми зиёни молӣ аз ду ҳазор маоши ҳадди ақал, яъне 120 ҳазор сомонӣ бештар шавад, қаллобии махсусан калон маҳсуб гардида, зимнан муҷозоташ ҳам сангинтар хоҳад шуд.

Аммо нуктаи дигаре, ки мақомоти Хатлон таъкид ва изҳори нигаронӣ мекунанд, ин аст, ки дар аксари тақаллубкориҳои ошкоршуда занон даст доштаанд. Ҳамин гуна, ахиран раёсати умури дохилаи Хатлон ҳам аз боздошти Азизахон Додоҷонова, сокини шаҳри Сарбанд, иттилоъ дод, ки дар 19 мавриди тақаллуб муттаҳам мешавад. Ба қавли манобеи милисаи Хатлон, шумори афзуни шаҳрвандон қурбони фиребу қаллобии нафари муттаҳам гардида, ҷамъан 200 ҳазор доллари амрикоӣ зиёни молӣ дидаанд.

Ба таври умум, ба иттилои манобеи мақомоти интизомӣ, имсол дар вилояти Хатлон 200 ҷинояти кори дасти занон ошкор гардидааст.

XS
SM
MD
LG