Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот монеи таҳсили донишҷӯёни туркман дар ИМА ҳастанд


Сафорати Амрико дар Туркманистон гузоришҳоеро тасдиқ кард, ки мақомоти ин кишвар донишҷӯёнро аз ширкат дар барномаҳои таълимии мактабҳои Иёлоти Муттаҳида бозмедоранд. ИМА дар заминаи масоили ҳуқуқи башар ва демократия дар ин кишвари Осиёи Марказӣ изҳори ташвиш кард. Сухангӯи сафорат Эндрю Паул гуфт, баъди даргузашти раҳбари худкомаи Туркманистон Сафармурод Ниёзов декабри соли 2006, шумори хеле зиёди донишҷӯён бо нияти таҳсил дар Амрико дархости ариза доданд. Аммо, ба гуфтаи оқои Паул, мақомот пайваста ба донишҷӯён фишор меоранд, ки дар ин барномаҳои таълимӣ иштирок накунанд.
XS
SM
MD
LG