Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯи нишасти энержӣ дар Боку


Раҳбарони Озарбойҷон, Гурҷистон, Литва, Лаҳистон, Туркия ва Украина дар миёни мақомоти баландпояи ширкатдорони як ҳамоиши байналмилалӣ роҷеъ ба масоили энрежӣ мебошанд, ки дар шаҳри Боку шурӯъ мешавад. Ҳадаф аз баргузории ин нишаст баррасии масъалаи гуногунсозии роҳҳои интиқоли захираҳои энержӣ аз минтақаи атрофи дарёи Хазар ба бозорҳои Аврупо ва ҷаҳон мебошад. Раҳбари ҳайати амрикоии ин нишаст вазири энержӣ Самюэл Бодман рӯзи гузашта аз барномаҳои Русия дар бунёди лӯлаи газе ба самти Аврупо танқид кард. Ин лӯлаи гази ҷанубӣ қарор аст аз зери бистари баҳри Сиёҳ гузашта Русияро бо Аврупо пайванд хоҳад дод. Самюэл Бодман гуфт, ки бунёди ин тарҳ як кори хеле сахт ва гаронарзиш хоҳад буд. Вай афзуд, ки ИМА тарафдори афзоиши шумори роҳҳои интиқолдиҳии газ дар минтақа мебошад:


"Захираҳои энержӣ, ки тавассути минтақа интиқол меёбад, маъмулан то кишвари мо намерасад. Аммо ин захираҳо ба амнияти Аврупо хизмат мекунад. Ва таъмини амнияти энержии Аврупо яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи стратегии ИМА мебошад".

Метю Бриза, муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико гуфт, Русия қарор кард, ки дар ин нишаст ширкат накунад. Дар гузашта ИМА аз тарҳҳои интиқоли нафти Хазар ба самти Аврупо бидуни убур аз қаламрави Русия пуштибонӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG