Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати кор: "Сафи бекорон афзоиш хоҳад ёфт"


Хабаргузории расмии "Ховар" аз қавли вазорати Вазорати кори Тоҷикистон менависад, ки бо амиқрафти бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва кам шудани талабот ба қувваи корӣ, теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба соли 2007 коҳиш хоҳад ёфт. Манбаъ ҳокист, ки бо сабаби бозгашти садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ва дигар ҷумҳуриҳои Муштарак-ул-Манофеъ хатари болоравии шумори бекорон дар дохили ин кишварҳо афзоиш меёбад. Ин вазъ аллакай дар ҳаҷми маблағҳои ба Тоҷикистон интиқолёфта инъикос шудааст: хабар ҳокист, ки дар се моҳи охир тавассути бонкҳо ба ҷумҳурӣ нисбат ба моҳҳои август-октябри соли 2007 - 50 миллион доллар камтар маблағ ворид шудааст. Соли 2007 тавассути бонкҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан беш аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ интиқол дода шудааст.
XS
SM
MD
LG