Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CIA аз ҳоли Усома бен Лодин бохабар аст


Мудири Идораи марказии кашфи Амрико мегӯяд, ба эҳтимлли зиёд Усома бин Лодин аз амалиёти ҳаррӯзаи Ал Қоъида дур карда шудааст, вале бо вуҷуди ин гурӯҳи исломӣ ва террористии мазкур бузургтарин хатар ба амнияти Иёлоти Муттаҳида мебошад. Генерал Майкл Ҳайдн дар сухани расмие дар Вошингтон гуфт, бин Лодин эҳтимолан дар манотиқи дурдасти марзи байни Афғонистону Покистон пинҳон мебошад ва барои пинҳону саломат монданаш нерӯи бузурге ба харҷ медиҳанд. Ҳайдн афзуд, боздошти террорист ба ҳайси вазифаи дараҷаи аввали нерӯҳои Амрико боқӣ мондааст. Вай ба афзоиши фаъолиятҳои Ал Қоъида дар Африқо, Яман ва Покистон ишора кард.
XS
SM
MD
LG