Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши сарбозони швед дар Афғонистон


Шведсия гуфтааст, ки ҳузури ҳарбии худро дар Афғонистон густариш медиҳад. Намояндаи аршади ҳукумати Шведсия хабар дод, ки кишвараш ба зудӣ 110 сарбози дигар ба Афғонистон мерифистад ва кӯмаки солонааш ба бозсохти кишвари ҷангзадаро то 25 миллион доллар афзоиш медиҳад. Шведсия узви Паймони Атлантики Шимолӣ нест, вале нерӯҳояш дар Афғонистон таҳти фармони НАТО амал мекунанд. Ин афзоиш шумораи сарбозони шведиро дар Афғонистон ба 500 нафар мерасонад.
XS
SM
MD
LG