Пайвандҳои дастрасӣ

Маслиҳати Эроншиносон ба Барак Обама


Гурӯҳи иборат аз 20 таҳлилгар ва дипломатҳои пешини Иёлоти Муттаҳида ба президенти тозаинтихоби Амрико, Барак Обама маслиҳат додаанд, ки аз сиёсати таҳдидҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ ба Эрон даст кашида, роҳи гуфтушунидро дар пеш бигирад. Дар гузориши ин коршиносон, ки қарор аст, рӯзи 18-уми ноябр ба ҳайси ояндаи сиёсатҳои Амрико дар Эрон ба Шӯрои Эрону Амрико пешниҳод шавад, сиёсати феълӣ бенатиҷа хонда мешавад, Муаллифон ҳамчунин гуфтаанд, мардуми Эрон тағйири режими сабки амрикоиро, ки дар Ироқу Афғонистон ба амал омад, нахоҳанд пазируфт. Олимон гуфтаанд, ба ҷои ин Обама бояд дари гуфтушунидҳои беқайду шарт ва фарогир бо Эронро дар сатҳи баланди дипломатӣ боз кунад.
XS
SM
MD
LG