Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешвозгирии сарвазирони ИДМ бо тазоҳурот


Полиси Молдова аз тазоҳуроти мухолифони ин кишвар бар зидди Русия дар даромадгоҳи ҷаласаи сарвазирони кишварҳои муштаракулманофеъ пешгирӣ кард. Садҳо нафар аз эътирозгарон мебоист, субҳи имрӯз дар назди толори ҳамоиш даст ба тазоҳурот мезаданд. Онҳо парчамҳои Иттиҳоди Аврупо ва шиорҳои зидди Русия дар даст доштанд ва сафҳои полис онҳоро нагузошт ба хиёбон ворид шаванд. Бархе аз тазоҳуркунандагон хуруҷи нерӯҳои Русияро аз минтақаи ҷудоихоҳи Соҳили Днестр талаб мекарданд.
XS
SM
MD
LG