Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи пойгоҳи нерӯҳои баҳрии Русия дар Абхозистон


Русия, тибқи хабарҳои расида, нақша дорад, пойгоҳи флоти баҳрии худро дар Баҳри Сиёҳ ба соҳилҳои Абхозистон интиқол диҳад. Барои ин дар Абхозистон як пойгоҳи нав бунёд мешавад. Дар ҳоле ки ин минтақа бахше аз Гурҷистон ба шумор меравад, Маскав онро ба ҳайси давлати мустақил расман эътироф кардааст. Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, амирулбаҳр Владимир Комоедов, собиқ фармондеҳи флоти Русия дар Баҳри Сиёҳ ин хабарро тасдиқ кардааст. Дар ҳоли ҳозир ин нерӯҳои дарёии Русия дар бандари Севастополи Укроин мустақаранд.
XS
SM
MD
LG