Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди Бритониё ба аҳдаш ба Афғонистон


Давлати Бритониё имрӯз гуфт, ба аҳди худ дар амри нигоҳ доштани сарбозонаш дар Афғонистон содиқ аст, аммо ваъда надод, ки теъдоди сарбозонаш дар он кишвар хоҳад афзуд. Вазорати дифоъ ҳузури мудавоми Бритониё дар Афғонистонро “амри ҳаётӣ” хонд. Пештар аз ин баёния Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон бо Гордон Бровн нахуствазири Бритониё мулоқот дошт. Ҳукумати Афғонистон барои маҳви Толибон, ки дар ин авохир ҷон гирифтаанд, хостори афзоиши нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон шудааст. Ва имрӯз бар асари таркиши бомб дар вилояти ноороми Ҳилманди Афғонистон ду сарбози бритониёӣ ҷон доданд. Бритониё дар ин кишвар 8 ҳазор сарбоз дорад, ки аксарияти онҳо дар вилояти Ҳилманд мустақар буда ва ба зидди ҷангҷӯёни Толиб меҷанганд.
XS
SM
MD
LG