Пайвандҳои дастрасӣ

Соли 2010 Қазоқистон раҳбарии даврии САҲА-ро ба ӯҳда хоҳад гирифт ва ин ҳам дар ҳолест, ки аксарият дар ҷомеаи байналмилалӣ ва дар худи ҳайати САҲА қонунмандии чунин амалро бо назардошти камбудиҳои зиёди Остона дар риояи принсипҳои ҳуқуқи башар ва бо кундӣ пеш рафтани ислоҳоти демократӣ зери суол мебаранд.

Мақомоти Қазоқистон аз ин нигарониҳо бисёр хуб огоҳ ҳастанд ва рӯзи 11 ноябр ба иқдоме даст заданд, ки зоҳиран ин кишварро ба меъёрҳои таъиншуда дар оинномаи САҲА наздик мекунад. Аммо аз назари мунаққидон, кори ахири мақомот як демократияи чаппаро мемонад.

Маъмулан нишондиҳандаи як низоми воқеъии демократӣ дар ҷомеа ду чиз аст: яке порлумони иборат аз намояндаҳои ҳизбҳои мухталифи сиёсӣ ва дигаре фаъолияти бемонеаи расонаҳои хабарӣ дар кишвар. САҲА ин арзишҳоро барои ҳифзи низоми демократия эҳтиром карда, аз кишварҳои узви худ риояи ин арзишҳоро дар ҳудуди қаламравҳои худ тақозо мекунанд. Аммо ҳоло вазъият ингуна аст, ки бо наздик шудани мӯҳлати раҳбарии давраии Қазоқистон дар САҲА дар соли 2010 маҳз ҳамин ду талаби муҳим дар ин кишвар иҷро намешавад. Ва ҳукумат мехоҳад, ки ба қавле демократияро дар ин кишвар таҳмил кунад.

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, аз соли 1991 инҷониб бетағйир сари қудрат боқӣ мемонад, ҳизби "Нуротан"-и ҳокими вай ҳамаи курсиҳоро дар ҳарду маҷлиси парлумони кишвар аз худ кардааст. Расонаҳои хабарӣ аксаран таҳти назорати ҳукумат қарор гирифта ва ё ҳадди аққал зоҳиран рӯ ба ҳукумат ҳастанд.

Ҳоло Остона вонамуд мекунад, ки барои мутобиқат карданаш ба меъёрҳои САҲА ислоҳоти сиёсиро дар кишвар ба роҳ мемонад. Нахустин тағйирот марбут ба порлумон аст. Барои роҳ ёфтан ба порлумон ҳизбҳо бояд садди 7-дарсадаро убур кунанд ва дар сурати ҳатто тафовути андаке бо ин нишондод, нафаре ҳам аз ин ҳизби довталаби курсӣ шомили парлумон намешавад. Ҳамингуна, соли 2007 дар натиҷаи интихоботи пеш аз вақти парлумонии Қазоқистон кулли курсиҳоро ҳизби "Нуротан" соҳиб шуд. Ва ин пирӯзии бечунучарои ҳизби ҳоким баъдан чун як намунаи поймолшавии хеле дағалонаи қонунҳои демократӣ дар Қазоқистон арзёбӣ шуд. Ва ҳоло, ҳукумат ният дорад, ки ҳамин муқаррароти шадиди 7-дарсадаро бознигарӣ кунад.

Вазири адлия Загипа Балиева гуфт: "Агар чанд ҳизб ҳамин меъёри 7-дарсадаро убур кунанд, ҳамаи онҳо дар ҷараёни тақсими салоҳиятҳо иштирок мекунанд. Дар сурати дар амал тадбиқ шудани тағйирот, агар ҳатто як ҳизб садди 7-дарсадаро гузарад, баъдан барои ҳизби дуюм ҳам шонси шомил шудан ба парлумон фароҳам хоҳад шуд".

Ҳоло ин ҳама баррасиҳои тарҳи тағйироту иловаҳо ба қонуни интихоботи Қазоқистон андешаҳоро дар бораи эҳтимоли баргузор шудани интихоботи пеш аз вақти порлумонӣ ба миён овардааст. Интихоботи ахир дар Қазоқистон соли 2005 баргузор шуд, ду соли баъд баъди тавсеа ёфтани шумори курсиҳои парлумон то 107 адад, раъйдиҳии пеш аз вақти дигар баргузор шуд. Гуфта мешавад, ки дар сурати таъйини интихоботи нав ҳизби умдаи мухолифини кишвар - ҳизби сотсиал-демократ, ки дар интихоботи ахир 4,62 дарсад раъйи мардумро ба даст оварда буд, шонси ворид шудан ба парлумонро ба даст меорад.

Ба андешаҳои таҳлилгари сиёсӣ Дос Кошим, тарҳи таҳрирдидаи нави қонуни интихобот ҳамоно нокомил аст. Вай мегӯяд, ки ҳамин садди 7-дарсада ҳам бояд то садди 5 ё ҳатто 3 фоиз коҳиш дода шавад ва баъди ин на яку ду, балки чанд ҳизби сиёсӣ бояд шомили порлумон шавад, то ки Қазоқистон ба пешравие дар самти демократия даст ёбад.

Тағйироти дигар марбут ба оддисозии бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ мебошад. Дар қонуни аз назари мунаққидон бисёр маҳдудкунандаи кори расонаҳои хабарӣ ҳам зоҳиран тағйироте ворид мешавад. Вазири фарҳанги Қазоқистон Мухтор Қулмуҳаммад яке аз тағйироти ин қонунро чунин тавзеҳ дод:

"Ҳини мусоҳиба бо мақомот ва сиёсатмадорон дар долонҳои ҳукумат ва парлумон шумо муваззаф ҳастед, ки иҷозаи мусоҳибонатонро барои сабт бигиред. Аммо тибқи тағйирот, зарурат барои гирифтани чунин иҷозат пеш намеояд. Мутмаинам, ки муаррифии чунин тағйирот барои расонаҳои хабарии Қазоқистон шароити озоди фаъолиятро фароҳам меорад".

Аммо дар ҳамин ҳол, тарҳи тағйироти нав бо вуҷуди додани иҷоза ба сӯҳбати озод бо сиёсатмадорон аммо пахши назару андешаҳои муғоир бо мавқеи нашрияҳои давлатӣ ва танқидкунандаи ҳукуматро намедиҳад.

Аз назари таҳлилгарон, ҳамаи ин тадбирҳо танҳо ба хотири қонеъсозии САҲА андешида шудааст. Аҷиб аст, аммо дар ҳоле, ки чанд соли пеш барои анҷоми ин гуна тағйирот гурӯҳҳои ҳуқуқи башару созмонҳои ҷамъиятӣ зиёд талош карданд, ҳоло аз ширкати онҳо дар тасмимгириҳои ахир хабаре нест. Як таҳлилгари маҳаллӣ мегӯяд, маълум аст, ки тағйирот аз боло омада, таҳмилӣ мебошад ва ин шакли демократияро дар Қазоқистон ба як демократияи чаппа табдил медиҳад.

XS
SM
MD
LG