Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс таҳдиди Русияро "гумроҳкунанда" хонд


Роберт Гейтс - вазири дифоъи Амрико пофишории Русия барои канор гузоштани тарҳи сипари дифоъи зиддимушакӣ дар Аврупои Шарқиро рад кард. Вай зимни суханронӣ дар нишасти машваратии НАТО ва Укроин дар шаҳри Таллин дар ин бора ҳарф зад. Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия ҳафтае пеш гуфт, агар Амрико мушаку радарҳояшро дар лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех ҷойгир кунад, Русия ҳам мушакҳои кӯтоҳпарвози “Искандар”- ро дар вилояти ҳаммарз бо Лаҳистони Калиниград мустақар мекунад. Роберт Гейтс гуфт, таҳдиди Русия “нолозим ва гумроҳкунанда” будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG