Пайвандҳои дастрасӣ

Шарти Ҳамос барои музокирот бо Фатҳ


Normal 0

Созмони Ҳамос имрӯз гуфт, омодаи музокироти оштӣ бо раиси ҷумҳури Фаластиниён Маҳмуд Аббос аст, ба шарте, ки вай 600 нафар аз фаъолони Ҳамосро озод кунад. Салоҳ Ал-Бардавӣ – як мақоми созмони мазкур, имрӯз дар нишасти хабарие дар Ғазза гуфт, “агар он маҳбусон озод шаванд, ҳайъати Ҳамос дар зарфи чанд соат барои муколама ба Қоҳира бармегардад”. Қарор буд, ҳайъатҳои Ҳамос ва гурӯҳи Фатҳи Маҳмуд Аббос ҷиҳати оштӣ бо ҳамдигар рӯзи душанбе дар шаҳри Қоҳира музокирот кунанд, аммо баъди муҳосираи сарбозони Ҳамос дар Канораи Ғарб созмон аз ширкат дар музокирот даст кашид. Соли гузашта баъди ишғоли Навори Ғазза аз тарафи нерӯҳои Ҳамос миёни ин созмон ва гурӯҳи Фатҳ ҷудоӣ афтод.

XS
SM
MD
LG