Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси барномаи атомии Эрон дар шаҳри Порис


Дипломатҳои олирутбаи шаш қудрати ҷаҳонӣ, Амрико, Бритониё, Чину Фаронса ва Русияву Олмон имрӯз дар шаҳри Пориси Фаронса талошҳо ҷиҳати мойил кардани Эрон ба даст кашидан аз ғанисозии ураниумро баррасӣ мекунанд. Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо, ки мегӯянд, Эрон мехоҳад, силоҳи атомӣ бисозад, хостаанд, то ба зидди Эрон даври саввуми таҳримоти Созмони Милал эъмол шавад, чаро ки ин кишвар аз талаби боздоштани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум сарпечӣ мекунад. Аммо Русияву Чин аз танбеҳ додани Эрон бо таҳримоти нав худдорӣ варзидаанд. Давлати Эрон мегӯяд, барномаҳои атомии он танҳо ба хотири тавлиди нерӯи барқ аст.
XS
SM
MD
LG