Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонҳои тоҷик ва терроризм


Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, аз 60 дар сади ҷамъияти ҷавони Тоҷикистон 40 дар сад бекоранд ва ё ҷои кори мувофиқ надоранду тақрибан аксари кулли онҳо дар Русия ба кори сиёх машғуланд. Дар ин миён, меафзоянд онҳо, бароварда насохтани ниёзмандии ҷавонон холигоҳеро ба вуҷуд овардааст ва гурӯҳҳои иртиҷоиву террористӣ метавонанд аз он сӯистифода кунанд.

Давлатхоҷа Назиров, номзади улуми фалсафа, пажӯҳишгари масоили терроризм ва экстримизми сиёсиву мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ низ таъкид бар он месозад, ки зуҳури гурӯҳҳои террористӣ хар лаҳза метавонад ба Тоҷикистон таҳдид намояд. Ҷаноби Назиров мегӯяд, «дар даҳ соли наздик ҳалли ин масъала хеле мушкил аст, балки баръакс ташаккулёбии он шояд бештар шавад. Мо набояд гӯем, ки дар кишвари мо ҳоло оромӣ асту терроризм сар намезанад. Ҳар лаҳза сар задани он имкон дорад.»

Вале Фазлиддин Хоҷаев, яке аз ҳамсӯҳбатони ман, таҳдиди терроризм ба Тоҷикистонро имконнопазир медонад. «Терроризм аслан дар он сатҳе тарҳрезӣ ва амалӣ мешавад, ки манфиатҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ онҳоро фарогир аст, махсусан, миёни кишварҳои абарқудрат. Ба хотире, ки Тоҷикистон кишвари кӯчак аст, аз ин лиҳоз, фикр мекунам, терроризм ба ин кишвар таҳдид намекунад. »

Назири Нусрат, ҷавони тоҷик, баръакс бар ин аст, ки маҳз заифии дониши сиёсиву мазҳабии ҷавонон дар Тоҷикистон як омили дигарест барои ташаккул ёфтани терроризм ва экстремизм дар ин кишвар. Ба эътиқоди мусоҳиби ман, аз каммаълумотӣ ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ шомил мешаванд ва ба амалҳои экстремистӣ даст мезананд. «Барои мисол, ҷараёни Салафия ё Ҳизб-ут-Таҳрир ва ё Ҷунбиши Исломии Узбакистон, хоҳ-нохоҳ чун мо пайравӣ ба дини Ислом дорем, онҳо идеяҳои худро бо арзишҳои Ислом махлут карда, пешкаши ҷавонон мекунанд. Ва ҷавонон низ онро махлут қабул мекунанд.»

Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари ҷавон бар ин назар аст, ки дар қиёс бо ду даҳсолаи қабл, ҷавонони тоҷик дониши хуби сиёсиву мазҳабӣ доранд, вале бо рушди таасcуб ва ё ба истилоҳ фанатизм дар ҷомеа, онҳо бо пуштибонӣ аз ақоиди динии худ ба баъзе аз ҳаракоти тундгаро мегараванд ва кореро анҷом медиҳанд, ки на ба манфиати онҳо ва на ба нафъи ҷомеа аст.

Ба ақидаи Ҳармагули Қодир, яке аз дигар мусоҳибони ман, сарфи назар аз он ки имрӯз ҷавонони тоҷик дар кишварҳои исломӣ дониши исломӣ меомӯзанд ,аз байн бурдани раванди ташаккулёбии тундагароӣ дар ҷомеаи тоҷик ҳамоно мушкил боқӣ мемонад.

Ҳамсӯҳбатони ман мегӯянд, имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон барои ҷавонон ва табақаҳое, ки ба зудӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои тахрибгаро қарор мегиранд, ба як сиёсати куллӣ аз сӯи ҳукумат ва мақомоти зиррабт ниёз дорад. Зеро, ба гуфтаи онҳо, бо иқдомҳои сиёсиву ташвиқотӣ ва боло бурдани маънавиёти ҷавонон мешавад аз ташаккулёбии раванди экстримистӣ ва террористӣ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кард, ҳамонгуна ки ин ҳукумат тавонист даргирии сиёсиро дар кишвар бартараф кунад.

XS
SM
MD
LG