Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду сарбози Бритониё дар Ҳилманд


Бар асари таркиши бомб дар вилояти ноороми Ҳилманди Афғонистон ду сарбози бритониёӣ ҳалок шудаанд. Вазорати дифоъи Бритониё гуфт, мошини ин ду сарбоз ҳангоми гаштзании маъмулии якҷоя бо сарбозони афғон рӯзи чаҳоршанбе дар ноҳияи Гармсер ба бомбе бархӯрда ва мунфаҷир шудааст. Пас аз суқути нерӯҳои Толибон дар соли 2001 аз тарафи нерӯҳои байналмилалии ба раҳбарии Амрико, Бритониё то кунун 124 сарбозашро дар Афғонистон талаф додааст. Бритониё дар ин кишвар 8 ҳазор сарбоз дорад, ки аксарияти онҳо дар вилояти Ҳилманд мустақар буда ва ба зидди ҷангҷӯёни Толиб меҷанганд.

XS
SM
MD
LG