Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 21 нафар дар бозори Нангарҳор


Низомиёни Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, як бомбгузори маргталаб 20 нафар ғайринизомӣ ва як сарбози амрикоиро дар вилояти Нангарҳор кушт. Волтер Метюс - сухангӯи артиши Амрико, гуфт, бомбгузор ба корвони мошини гаштзании низомиёни Амрико дар ноҳияи Балӣ Кути Нангарҳор ҳамла кардааст. Аҷмал Пардис – як корманди идораи беҳдоштӣ гуфтааст, бар асари ин бомбгузорӣ дар бозори пуродами Бали Кут ҳамчунин 74 ғайринизомӣ ҷароҳат бардоштаанд. То кунун ягон гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале бомбгузориҳои маргталабона як усули аслии ҷангҷӯёни Толиб аст, ки зуд – зуд ба сарбозони Афғонистону Амрико ва дигар сарбозони хориҷӣ ҳамла мекунанд.



XS
SM
MD
LG