Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати эрониро дар Покистон рабуданд


Пулиси Покистон мегӯяд, мардони мусаллаҳ имрӯз 13 ноябр, як дипломати эрониро рабуда ва муҳофизи ӯро куштаанд. Ба навиштаи хабаргузории "Ройтер" ин ҳодиса дар шаҳри Пешовар воқеъ дар наздикии марзи Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст. Нур Зар – як мақоми идораи пулиси Пешовар, ба “Ройтерс” гуфтааст, мардони мусаллаҳ атташеи тиҷоратии консулгарии Эронро рабуда ва муҳофизи ӯро ба қатл расонидаанд. Як рӯз пеш аз ин ҳодиса дар Пешовар мардони мусаллаҳ як шаҳрванди Амрикоро куштанд. Манотиқи шимолуғарби Покистон, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар онҷо бо ҷанҷӯёни Толиб ва Ал-Қоида меҷанганд, аз маҳалҳоест, ки зуд зуд шоҳиди хунрезӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG