Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон 9 зина боло шуд


Федеросиюни байнулмилалии футбол (FIFA) феҳрист ё рейтинги навини тимҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард.

Тоҷикистон дар ин феҳрист 9 зина боло шуда, ба радифи 146-ум баромад ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (76-ум), Қазоқистон (125-ум) ва пеш аз Туркманистон (148-ум) ва Қирғизистон (154-ум) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар зинаи 13-ум қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ 1 зина болотар - ба радифи 8-ум баромад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 20-ум мебошад. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA чунин аст: 3. Литва (41). 4. Беларус (64). 5. Латвия (65). 6. Молдова (76). 7. Узбакистон (76). 8. Гурҷистон (99). 9. Арманистон (110). 10. Қазоқистон (125). 11. Эстония (131). 12. Озарбойҷон (134). 13. Тоҷикистон (146). 14. Туркманистон (148). 15. Қирғизистон (154).

Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, қарор гирифтааст. Олмон дар ҷои дуввум ва Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Ҳуланд, Бразилия, Аргентина, Хорватия, Русия, Ҷумҳурии Чех ва Португалия ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Осиё инҳоанд: Австралия (37), Ҷопон (38), Эрон (44), Арабистони Саъудӣ (52), Куриёи Ҷанубӣ (53), Баҳрайн (74), Ироқ (75), Узбакистон (76), Қатар (78) ва Уммон (95).

XS
SM
MD
LG