Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба каратэ-кёкушинкай дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон 1 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҳикматуллоҳ Кароматов, раиси Федеросиюни каратэ-кёкушинкани Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа 48 нафар беҳтарин варзишгарони 18 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.

Узви дастаи Тоҷикистон Шавкат Дадабоев дар вазни то 70 кг бар намояндагони Маҷористон, Эрон, Қазоқистон ва дар сабқати ниҳоӣ бар Хайём Гасанови озарӣ дастболо шуда, барандаи Ҷоми ҷаҳон гардид.

Варзишгарони дигари тоҷик Исмоил Назаров дар вазни то 60 кг ва Маҳмадалӣ Бозоров дар вазни то 80 кг ҷойҳои севумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ҳисоби дастаӣ тими Озарбойҷон бо касби 1 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷои аввал қарор гирифт. Тимҳои Эрон ва Тоҷикистон натоиҷи мушобеҳ – 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ - ба даст оварданд. Бар асоси қуръакашӣ Эрон ҷои дуввум ва Тоҷикистон

ҷои севвумро касб карданд.

XS
SM
MD
LG