Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Матолиби нашрияҳои ахири Душанбе


Душанбе, соли 2008

Душанбе, соли 2008

Ҳафтаномаҳои чопи Душанбе ин ҳафта ба бозтоби масоъил ва мавзӯъоти мухталифи ҳаёти ҷомиъа пардохтаанд.

Таҳти унвони «Оппозитсия мурд, зинда бод чӣ?» нашрияи «Фараж» дар садумин шумораи худ дар матлаберо бо аксҳое аз Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов, Эшони Нуриддинҷон, Муҳйиддин Кабирӣ, Шодӣ Шабдолов, Мирзо Зиёев ва чанде дигар аз чеҳраҳои машҳури кишвар ба нашр расонидааст. Муаллифи ин матлаб Хуршеди Атовулло чунин андешаронӣ кардааст, ки имрӯз аз истифодаи вожаи «оппозитсия» матбуъот ҳазар ва ҳарос мекунад. Дар малаб омадааст, ки имрӯз, ба истиснои ҲХДТ ва ҲНИТ, аҳзоби сиёсии кишварро наметавон ҳамчун нерӯи сиёсии ҷиддӣ ном бурд, ва аз ҷамъи ҳамаи ин аҳзоб нуфуз ва мартабаи шахсиятҳое чун Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Мирзо дар ҷомиъа болотар аст.

Ин дар ҳолест, ки Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ, дар як мусоҳибааш бо нашрияи «Озодагон», ки зери унвони «Бе демократтияи маҳаллӣ демократияи миллӣ барпо намегардад» ба нашр расидааст, сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор додааст. Оқои Зойиров гуфтааст, ки «Агар ҳукумат гуфта мақомоти олии коллегиалии идораи давлатиро дар назар дорем, ин ҳукумат сиёсати кадрӣ надорад, зеро мустақилият ва салоҳият надорад. Имрӯз, гуфтааст ӯ, танҳо президенти кишвар аз диди худ кадрҳоро таъйин ва озод мекунад. Ба иддаъои Р. Зойиров, агар дар ҷумҳурӣ ақаллан 30-40 фоизи вазифаҳои аввал, аз ҷумла руасои шаҳру навоҳӣ ва вилоёт, интихобӣ набошанд, давлат давлати демократӣ намешавад, зеро, агар демократия дар маҳаллҳо ба вуҷуд наояд, демократияи миллӣ барпо намегардад.

Аммо Давлаталӣ Давлатзода, муовини аввали раиси ҲХДТ, дар мусоҳиба бо нашрияи «Миллат» аз он, ки дар ҷомиъаи кишвар аз ин ҳизб ба унвони ҳизби ҳоким ном бурда мешавад, изҳори нороҳатӣ кардааст. Оқои Давлатзода гуфтааст, ки ин таъбир дар кишварҳои пешрафтаи демократӣ роиҷ гаштааст, ки ҳизби дар интихобот пирӯзгашта ҳукуматро ташкил медиҳад ва ағлаби курсиҳо ва мансабҳоро мегирад: «Меъёрҳои демократӣ ҳамин чизро талаб мекунанд. Вале дар ҷумҳурии мо аз чунин ҳақ ба таври комил истифода намешавад». Оқои Давлатзода барои таъйиди суханонаш мисол овардааст, ки аз 21 узви ҳукумати Тоҷикистон ҳамагӣ сеяки он узви ҲХДТ будаанд: «Сарвазир узви ин ҳизб нест. Ва дар порлумон низ на раис ва на муовинонаш, ба истиснои як муовин, узви ин ҳизб нестанд. Воқеияти имрӯз чунин аст. Аз ин рӯ ҳизби моро ҳизби ҳоким ном бурдан ҳавола ба инсофи худи он сиёсатмадорон мебошад».

Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ, ки аз суханронии ӯ ба ҳангоми тасдиқи лоиҳаи буҷаи соли оянда дар порлумон нашрияи «Asia-Plus» нақли қавл кардааст, мухолифати худро ба қонуни буҷаи давлатӣ эълом доштааст. Оқои Шабдолов, ки бо арқом ва далоил суҳбат кардааст, аз он ҷиҳат бар ин Қонун интиқод гирифтааст, ки дар он ба бахши иҷтимоъӣ, дар муқоиса бо соли 2007, маблағи камтар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин Ш. Шабдолов инъикоси фаъъолияти ширкати алюминиум дар буҷаи соли ояндаро ғайришаффоф ва нодуруст хондааст. Ӯ гуфтааст, ки дар бахши оидоти буҷаи соли 2002 аз соҳаи алюминий 17 дарсад ворид шуда буд, аммо дар солҳои баъди бо сабабҳои номаълум ин рақам то ду дарсад коҳиш ёфтааст: «Ё инки корхонаи арзизи мо тавлидотро кам кардааст ё ки дар инҷо сабаби дигаре ҳаст, ки намояндагони халқи Тоҷикистон онро намедонанд».

Зимнан, ба мавзӯъи ношаффофияти фаъъолияти корхонаи «ТалКо» ҳафтаномаи «Озодагон» низ дар як матлабе ишора кардааст. Нашрия менависад: «Истеҳсол ва содироти ин мавод зоҳиран фоидаовар менамояд. Аммо саволе беҷавоб мемонад, ки, агар фурӯши алюминий фоидаоввар бошад, пас барои чӣ «ТалКо» нерӯи барқро аз ширкати «Барқи тоҷик» арзон (чизе бештар аз 5 дирам) мехарад? Дар ҳоле ки хонаҳои шаҳрвандон сарду торик аст ва корхонаҳои дигар барқро бо қимати 13 дирам, яъне 160 фоиз гаронтар, мехаранд. Инро чи гуна метавон шарҳ дод? Фоидаи «Талко» зарари «Барқи тоҷик?! Оё зарари «Барқи тоҷик» ба зиёни халқи тоҷик тамом намешавад?»

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Asia-Plus» суҳбатеро бо шоири маъруфи дар ғурбати тоҷик Бозор Собир, ки дар Амрико ба сар мебарад ва то чанд рӯзи дигар 70 сола хоҳад шуд, ба нашр расонидааст. Оқои Собир гуфтааст, ки «Ватани ман Тоҷикистони советӣ буд. Дар Тоҷикистони кунунӣ ман назистаам ва эҳсос намекунам, ки он ватани ман аст». Ӯ гуфтааст, ки дар давоми 12 соли мусофираташ дар Амрико касе ӯро барои бозгашт ба ватан даъват накардааст: «На намояндагони Иттифоқи Нависадагон на ҳукумат. Агар ватан аз ин одамон ва ин ҳукумат иборат аст, ман аз онҳо сахт озурдаам ва то инки ман ватанро тарк кунам ин ватан бо ҷамъияташ маро тарк карда буданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG