Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши вакили Думаи Русия ба тасмими Узбакистон


Вакили Думаи давлатии Русия, Александр Лукянов тасмими Узбакистонро ба хуруҷ аз созмони ҳамкориҳои Авруосиё рафторе шумурд, ки метавонад аз тарафи Маскав паёми дубора дур шудан аз Русия ва ё ҳатто амалкарди хилофи Русияро дошта бошад. Вай гуфт: "Ғарб чанде пеш таҳрими сафари мансабдорони узбак ба Иттиҳоди Аврупоро лағв кард. Маълум аст, ки онҳо аз Тошканд иқдоми ҷавобиро интизор буданд. Пӯшида нест, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо сиёсати берунронии Русия аз қаламрави паосшӯравиро пеш мебаранд ва бино бар ин онҳо дар муқобили ҳусни нияте ки нишон доданд, яъне лағви раводиди сафари мансабдорон, посухи Каримовро ба ҳайси як қадами зиддирусӣ интизор буданд. Ва ӯ чунин қадамро ниҳод." Вакили Думаи давлатии Русия, изофа кард, ки Маскав ин иқдоми Узбакистонро ба таври ҷиддӣ мавриди омӯзиш ва вокуниш қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG