Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши вижаи НАТО ва Укроин


Имрӯз вазирони дифоъи кишварҳои НАТО дар пойтахти Эстония, Таллинн, бо Укроин машварати ғайрирасмӣ баргузор мекунанд. Ҳадаф аз ҳамоиш кӯмак ба Укроин аст барои омода шудани он ба узвияти эҳтимолӣ дар Паймони Атлантики Шимолӣ. Аз соли 2002 ба ин сӯ ин шашумин машварати НАТО бо Укроин дар ин мавзӯъ мебошад. Дабири кулли НАТО Яап де Ҳуп Схеффер, вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс, ҳамтои укроини ӯ Юрий Яхануров сарони нишаст мебошанд. Гейтс гуфтааст, Русия набояд аз майли кишварҳои шӯравии собиқ ба НАТО ва таҳкими равобити онҳо бо Ғарб ҳарос дошта бошад.
XS
SM
MD
LG