Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маккейн барои Кохи Сафед талош нахоҳад кард


Ҷон Маккейн, собиқ довталаби курсии раисиҷумҳури Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон изҳор намуд, ки аз ин баъд барои мақоми президентӣ талош нахоҳад кард. Дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳур ӯ дар сабқат бо номзад аз Ҳизби демократ Барак Обама мағлуб шуд. Дар нахустин мусоҳибаи худ баъд аз бохт дар интихобот Ҷон Маккейн изҳор намуд, ки дар ИМА насли нави раҳбарон арзи вуҷуд кардааст.

XS
SM
MD
LG