Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Tajinfo.ru - ҷойи дуввум дар озмуни маскавӣ


Сомонаи интернетии Tajinfo.ru, ки дар Русия аз ҷониби гурӯҳи журналистони тоҷик таҳия мешавад, дар як озмуни вебсайтҳои Маскав ҷои дуюмро соҳиб шуд.

Ин озмун ба мавзӯи "Таҳаммулпазирӣ ва ҷилавгирӣ аз тундгароӣ дар миёни ҷавонон" бахшида шуда буд, ки аз ҷониби як Оҷонсии ҷавонон оид ба маълумот дар Русия ва бо пуштибонии Департаменти сиёсати ҷавонон ва оилаи ҳукумати Маскав баргузор гардид. Алена Багринивская, сухангӯи ин идора дар сӯҳбат бо Ояндасоз аз шаҳри Маскав гуфт, ки озмун дар давоми як моҳ ҷараён дошт ва ахиран натиҷагирӣ шуд:

"Фикри баргузории ин озмун тасодуфӣ набуд, чунки масъалаи адами таҳаммулпазирӣ, бахусус, дар миёни ҷавонон дар ҷомеаи мо хеле ҷиддӣ аст. Дар оғоз барои ширкат дар озмун 118 сомонаи интернетӣ иштирок кард, ва дар охир 48-тои беҳтаринҳоро аз назари мо интихоб кардем. Ва аз инҳо дар ниҳоят 8 барандаи озмунро интихоб кардему боз ҷоизаҳои нав ҳам таъсис додем".

Барандаҳои озмун дар бахшҳои беҳтарин манбаи омӯзишӣ, манбаи беҳтарини иттилоърасонӣ, беҳтарин сайт дар масоили шиносоии фарҳангӣ ва беҳтарин манбаи ҷамъиятӣ қадрдонӣ шуданд. Сомонаи Tajinfo.ru барандаи ҷои дуюми ин озмун дар бахши муаррифии фарҳанги миллӣ шуд ва таъкид гардид, ки матолиби рангаи он барои тарбияи эҳсоси таҳаммулпазирии фарҳангӣ ва инчунин ҷилавгирӣ аз ақоиди тундгароӣ дар миёни ҷавонон мусоидат мекунад.

Сомонаи мазкур, ки сардабираш рӯзноманигори маъруфи тоҷик Муҳаммади Эгамзод аст, дар масоили сиёсиву иҷтимоӣ ва бештар фарҳангӣ матолиб нашр мекунад. Алена Багринивская аз Департаменти сиёсати ҷавонон ва оилаи ҳукумати Маскав афзуд, ки зимни таъини барандаҳои озмун намуди зоҳирии сомона, мундариҷаву мӯҳтаво ва тарзи корбарии соддаи он ба назар гирифта мешуд.

Дар бахши беҳтарин манбаи иттилоърасонии ин озмун сомонаи интернетии созмони назархоҳии "Сова" ҷои аввалро соҳиб шуд. Ин созмон бо мониторинги мавридҳои азияту озор, ҳамла ва куштори хориҷиҳо ва сокинони ғайрируси Федератсияи Русия машғул мебошад. Назар ба иттилои ҳамин марказ, дар заминаи бегонаситезӣ дар саросари Русия имсол садҳо ҳамла сурат гирифтааст, ки дар натиҷаи он 300 нафар маҷрӯҳ ва наздик ба 80 нафар ба ҳалокат расиданд.

Созмони муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав мегӯяд, ки аз ин шумор 8 куштшудагон ва 8 маҷрӯҳон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар аз болоравии мизони бегонаситезиву ҳамлаҳо бар асоси адовати нажодӣ дар Русия дар солҳои охир изҳори ташвиш мекунанд.

XS
SM
MD
LG