Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Брайан Вайтмор

Ҳар касе ки фикр мекард, гузариши андарунии пуршиддат ва деринтизори ҳукумати Русия, баъди ба сари қудрат омадани Дмитрий Медведев дар шаш моҳи пеш ба поён расид, бояд як бори дигар андеша кунад.

Пешниҳоди Дмитрий Медведев барои тамдиди давраи раёсати ҷумҳури Русия дар рӯзи 11 ноябр ба мисли заминларзаи сиёсӣ дар ин кишвар шуд. Ин тарҳ, ки зимни паёми Дмитрий Медведев ба мардуми Русия ироа шуд, ба давраи феълии раёсати ҷумҳурии вай, ки соли 2012 поён меёбад, таъсир нахоҳад дошт.

Амалкарди раисҷумҳури ҷавон ҳангома ва сару садои зиёдеро барангехт, ки мураббии Медведев ва нахуствазири феълӣ Владимир Путин, ки ӯро ҳокими воқеъии Русия медонанд, мехоҳад, дигарбора ба мақоми раёсати ҷумҳур баргардад. Рӯзномаи “Ведомости” чопи Маскав бо нақли қавли манобеъи ҳукумати Русия рӯзи 6 ноябр гузориш дод, ки тарҳи ислоҳоти сиёсӣ ҳанӯз дар замони раёсати ҷумҳурии Владимир Путин дар соли 2007 таҳия шуда буданд. Рӯзнома навиштааст, “ин ибтикори Медведев набуда, балки дар замони президентии Владимир Путин барномарезӣ шудааст.”

“Ведомости” муовини аввали раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳури Русия Владислав Сурковро муаллифи тарҳи мазкур хонда ва навиштааст: “Вай ҷараёни интихоботи ворисеро раҳандозӣ кард, ки ислоҳоти Қонуни Асосӣ ва ислоҳоти иҷтимоии нохушоянд барои мардумро амалӣ мекунад, то Владимир Путин барои муддати тӯлонӣ ба сари қудрат бозгардад.”

Пешниҳоди ислоҳот дар низоми сиёсии Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва коҳиши қимати нафт, ба рушди нисбии Русия, ки мояи аслии маҳбубияти Владимир Путин ва Дмитрий Медведев буд, осеб мерасонад. Бӯҳрони мазкур, ки вазъи бозорҳои молии Русияро бад кард, нигарониҳо аз афзоиши бекорӣ ва суботи умумии иқтисоди дар ин кишварро барангехтааст. Гузашта аз ин, ба гузориши теъдоде аз расонаҳо, бӯҳрон элитаи сиёсии Русияро ҳам сахт такон дода ва сабаби ихтилофоти Медведев ва Путин ва гурӯҳҳои тарафдори онҳо шудааст. Дмитрий Орешкин, таҳлилгари сиёсии Русия мегӯяд, маҳфилҳое, ки Русияро идора мекунанд, ниҳоят нигаронанд”, ки бинобар бӯҳрони молӣ, назорати кишварро аз даст хоҳанд дод. Ба андешаи Орешкин, агар вазъият бадтар шавад, ва он бадтар хоҳад шуд, онҳо бо фиристодани Дмитрий Медведев ба истеъфо, Путини маҳбубро ба қудтар бармегардонанд ва вазъро таҳти назорат мегиранд.

Дар Русия дар замонҳои бӯҳрон асосан тамоми айбро ба сари нахуствазир бор ва ҳукумати ӯро барканор кардаанд, то раисҷумҳур мисли “шоҳи одил” ба назар бирасад, ки ғами миллатро мехӯрад. Аз шеваи мазкур, масалан, дар замони Борис Елтсин кор гирифтаанд, ки он замон дар бӯҳрони молии соли 1998 нахуствазир Сергей Кириенко аз мақомаш барканор шуд. Аммо ҳоло аз мақом сабукдӯш кардани Путин пурқудраттарин ва чеҳраи маҳбуби Русия интихоби хубе буда наметавонад.

Аммо новобаста ба ин ҳама дар ҳафтаҳои гузашта матбуоти Русия Владимир Путинро бештар таҳти танқид қарор дода ва нисбат ба Дмитрий Медведев хайрхоҳ ба назар мерасид. Аз ҷумла, рӯзномаи интернетӣ ва пурхонандаи Газета.ру дар як шарҳе ба Дмитрий Медведев тавсия додааст, ки аз нахуствазир ва сиёсатҳои ӯ дуртар бигирад. Рӯзномаи “Время Новостей” аз ин ҳам фаротар рафта ва тамоми сиёсатҳои иқтисодиву сиёсии Владимир Путин аз соли 2000 ба ин тараф , аз ҷумла маҳдуд кардани озодии матбуот ва беасар кардани фаъолияти аҳзоби мухолифи сиёсӣ дар Русияро танқид кардааст. “Время Новостей” навиштааст, “бозгашти аҳзоби сиёсии қонунӣ, телевизионҳои миллии муқаррарӣ ва тағйири фавқуллодаи фазои сиёсии кишвар, назар ба ҳар гуна қарзҳои бонки марказӣ ба низоми молии Русия бештар кӯмак хоҳад кард.

Аммо амалкардҳои ахири Дмитрий Медведев баёнгари он аст, ки вай ин тавсияро ба инобат нагирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG